IQNA

Тиловати таъсиргузори модари фаластинӣ + филм

9:06 - April 17, 2024
рақами хабар: 1376
ИКНА - Тиловати Қуръон модари шаҳиди фаластинӣ дар бемористоне воқеъ дар «Саид»-и Миср бо таваҷҷуҳи густурдаи корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ мувоҷеҳ шудааст.

Ба гузориши манобеи хабарӣ, тиловати таассурбрангези Ҳоҷия Наъма, модари шаҳиди фаластинӣ дар бемористоне воқеъ дар шаҳри Съиди Миср бо таваҷҷуҳи густурдаи корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ мувоҷеҳ шудааст. Ӯ оёти зер аз сураи муборакаи Бақраро тиловат мекунад.

وَلَا تَقُولُوا لِمَنْ يُقْتَلُ فِي سَبِيلِ اللَّهِ أَمْوَاتٌ بَلْ أَحْيَاءٌ وَلَكِنْ لَا تَشْعُرُونَ ۱۵۴وَلَنَبْلُوَنَّكُمْ بِشَيْءٍ مِنَ الْخَوْفِ وَالْجُوعِ وَنَقْصٍ مِنَ الْأَمْوَالِ وَالْأَنْفُسِ وَالثَّمَرَاتِ وَبَشِّرِ الصَّابِرِينَ ۱۵۵ الَّذِينَ إِذَا أَصَابَتْهُمْ مُصِيبَةٌ قَالُوا إِنَّا لِلَّهِ وَإِنَّا إِلَيْهِ رَاجِعُونَ ۱۵۶

"Ва касонеро, ки дар роҳи Худо кушта ме‏шванд мурда нахонед, балки занадаанд вале шумо намедонед. Ва қатъан шуморо ба чизе аз [қабили] тарс ва гуруснагӣ ва коҳиш дар амвол ва ҷонҳо ва маҳсулот ме‏озмоем ва муждадеҳ шакебоёнро. [Ҳамон] касоне, ки чун мусибате ба онон бирасад мегӯянд мо аз они Худо ҳастем ва ба сӯи Ӯ боз мегардем".

Тиловати Қуръон аз сӯи ин модари шаҳиди фаластинӣ дар маросими бузургдошт сурат гирифт, ки аз сӯи маркази дармони саратони Саид барои таҷлил аз вай баргузор шуда буд. Ҳоҷия Наъма, далели интихоби ин оётро баёни эътиқод ва яқини хеш ба зинда будани шуҳадо дар назди Худованд унвон кард. Мудирияти бемористон низ аз ин модари шаҳид ба далели фидокориҳои ӯ ва фарзанди шаҳидаш дар дифоъ аз ормони мардуми Фаластин тақдир кард.

Вазорати беҳдошти Фаластин рӯзи душанбе эълом кард, ки теъдоди қурбониёни таҷовузоти режими палид ва ҷинояткори саҳюнистӣ ба Навори Ғазза аз 7 октябр ба 33797 шаҳид ва 76465 ​​маҷруҳ расидааст.

код

https://iqna.ir/00HfP9

captcha