IQNA

Тарҳи Ал-Азҳар барои таъсиси маҷмаъи байналмилалии чопи Қуръони Карим дар Миср

8:18 - April 17, 2024
рақами хабар: 1372
ИКНА - Назир Аёд, дабири кулли маркази пажӯҳишҳои исломии Ал-Азҳар аз тарҳи Аҳмад Тайиб, шайхи Ал-Азҳар барои таъсиси маҷмаъи байналмилалии чопи Қуръони Карим дар Миср хабар дод.

Ба гузориши Ал-Қоҳира-24, Назир Аёд, дабири кулли маркази пажӯҳишҳои исломии Ал-Азҳар эълом кард: Аҳмад Тайиб, шайхи Ал-Азҳар дар ҳоли баррасии тарҳе барои таъсиси бузургтарин маҷмаъи байналмилалӣ дар Миср вижаи чопи Қуръони Карим аст.

Ба гуфтаи вай шикоятҳои бисёре ба маркази пажӯҳишҳои исломии Ал-Азҳар ирсол шуда, ки ҳокӣ аз вуҷуди нусхаҳое дорои хатоҳои имлоӣ ва эъробгузории Қуръон будааст, ки бо вуҷуди назорат ва баррасии густурда ва дақиқи кумитаи Қуръони маркази пажӯҳишҳои исломии Ал-Азҳар аз сӯи интишороти хусусӣ мунташир шудааст.

Назир Аёд, афзуд: ман ин тарҳро ба кумитаҳои тахассусӣ ироа кардам ва ҷузъ, ҳадаф ва таъмини молии он мушаххас шуд, пас аз итминони комил аз тамоми бахшҳо, парвандаро ба шайхи Ал-Азҳар ироа кардам ва акнун низ мунтазири тасмими ниҳоӣ ҳастем.

Ба гуфтаи Назир Аёд, тасвиби ин тарҳ ба маънои лағви куллияи муҷаввизҳои чопи Қуръон аз сӯи интишороти хусусӣ аст ва чопи Қуръон танҳо аз сӯи ин маҷмаъ ва бо мувофиқати маркази пажӯҳишҳои исломӣ бо назорати мустақими шайхи Ал-Азҳар сурат хоҳад гирифт. Умед меравад, ки бо ин тарҳ вуҷуди хато дар чопи Қуръони Карим ба сифр бирасад.

Вуҷуди хато дар Қуръонҳои чопи Миср солҳо аст, ки мавзӯъи баҳс дар кишварҳои мухталиф ба вижа шимоли Африқо будааст. Бисёре аз ин кишварҳо аз ҷумла Тунис ва Алҷазоир вуруди Қуръонҳои чопи Миср ба ривояти Вараш аз Нофеъро мамнуъ эълом кардаанд, чаро, ки ин Қуръонҳо ба гуфтаи мақомоти масъул дорои хатоҳои бисёре буда ва фоқиди муҷаввиз аз сӯи Ал-Азҳар будаанд. Бархе аз интишорот низ бо муҷаввизҳои қадимие, ки таърихи эътибори он гузашта, иқдом ба чоп ва тавзеъи Қуръон кардаанд. Миср аз дербоз яке аз муҳиммтарин марокизи чоп ва интишори Қуръони Карим будааст; Бо ин ҳол дар чанд даҳаи ахир ин ҷойгоҳ ба тадриҷ тазъиф шудааст.

https://iqna.ir/00HfOw

captcha