IQNA

Муаззини хурди Ғазза + видео

18:06 - April 15, 2024
рақами хабар: 1364
ИКНА - Як кӯдаки фаластинии муқими Байт-Лаҳия, ҳамарӯза аз балкони хонааш холигии муаззини масҷидҳоеро пур мекунад, ки режими саҳюнистӣ дар ҳамлаи худ ба Навори Ғазза онҳоро тахриб кардааст.


Ба гузориши ТоҷикПресс, дар як мусоҳиба ӯ ин амалро як амали шарафманд медонад, зеро ӯ ягона нафарест, ки то ҳол дар маҳаллаи истиқоматиаш азон мегӯяд ва вақти намозро ба ҳамсоягонаш ёдовар мешавад.

Ба гуфтаи Ёман, ин андеша замоне ба сараш омад, ки истилогарон тамоми масҷидҳои маҳалли истиқоматашро бомбборон карданд ва дарк кард, ки дар набудани масоҷид дигар азон садо намедиҳад ва мардуми зиёде вақти намозро намедонанд.

Муҳаммад ал-Мақоид, падари “муаззини хурди Ғазза” низ дар мусоҳибае гуфт: Ман аз ин амали писарам ифтихор дорам. Ба гуфтаи ӯ, истилогарон бо тахриби масҷидҳо мехоҳанд, сокинони навори Ғаззаро аз иқомат дар сарзаминашон боздоранд ва барои ихроҷи онҳо замина омода созанд.

Вай таъкид мекунад, ки ишғолгарони саҳюнистӣ бо бомбаборон кардани масҷидҳо наметавонанд моро аз гуфтани азон ва намоз ҷилавгирӣ кунанд. Ба ин васила мо ба Худованди Мутаъол наздиктар мешавем.

Вай ҳамчунин ба мондан ва тарк накардани Ғазза бо вуҷуди бомбаборон ва харобкорӣ таъкид мекунад.

код

https://iqna.ir/fa/news/4210115

captcha