IQNA

Вокунишҳои байналмилалӣ ба ҳамлаи бесобиқаи Эрон ба Исроил

11:43 - April 15, 2024
рақами хабар: 1363
ИКНА - Дар интиқом аз ҳамлаи террористии Исроил ба консулгарии Эрон дар Димишқ, Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломии Эрон, бо ҳамроҳии артиш, ҳамалоти густурдаи паҳподӣ ва мушакӣ алайҳи исроилро оғоз кард, ки ин ҳуҷуми бесобиқа бо вокунишҳои мутааддиди байналмилалӣ ҳамроҳ шудааст.
 
 

Ба гузориши манобеи хабарӣ, Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломии Эрон, дар иттилоияе эълом кард, ки дар посух ба ҷиноятҳои мутааддиди режими саҳюнистӣ аз ҷумла ҳамла ба бахши консулии сафорати Эрон дар Димишқ ва ба шаҳодат расондани ҷамъе аз фармондаҳон ва мусташорони низомии ин кишвар дар Сурия, неруи ҳавофзои Сипоҳ аҳдофи муаяне дар дохили сарзаминҳои ишғолиро бо шиллики даҳҳо фарванд мушак ва паҳпод мавриди исобат қарор дод. Посухи густурдаи мушакӣ ва паҳподии Ҷумҳурии Исломии Эрон ба иқдомоти таҷовузгаронаи режими саҳюнистӣ бозтоби ҷаҳонӣ дошта ва ба титари нахусти тамоми расонаҳои дунё табдил шудааст.

Намояндагии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Созмони Милал низ эълом кард: иқдоми низомии Эрон бар асоси банди 51 маншури Созмони Милали Муттаҳид дар хусуси дифои машрӯъ дар посух ба таҷовузоти режими саҳюнистӣ ба амокуни дипломатики кишвари Эрон дар Димишқ буд.

Истиқболи Ансоруллоҳи Яман аз амалиёти Эрон

Алӣ Ал-Қаҳум, узви дафтари сиёсии ҷунбиши Ансоруллоҳи Яман рӯзи якшанбе дар шабакаи иҷтимоии Х навишт: «Мо ба раҳбарӣ ва мардуми Эрон барои ин амалиёти бузург, роҳбурдӣ ва таърихӣ, ки назири он дар таърих вуҷуд надошт, табрик мегӯем».

Ин мақоми яманӣ навишта ҳамалоти Эрон, ки бо садҳо паҳпод ва мушакҳои баллистики пешрафта анҷом шуд, боиси эҷоди тарс, ваҳшат ва сардаргумӣ дар режими саҳюнистӣ шудааст.

Ӯ ин амалиётро «як вокуниши боздорндаи қудратманд» тавсиф кард, ки «дорои паёмҳои қудрат, мувозинаи боздорандагӣ ва тағйир дар муодилоти қавоиди даргирӣ ва мувозинаи қудрат» аст.

Санои Покистон муваффақияти амалиёти Ваъдаи Содиқро табрик гуфт

Сенатор Аллома Носир Аббос Ҷаъфарӣ, рӯзи якшанбе бо судури баёнияе гуфт, ки ирода, шуҷоат ва тавонмандии Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломии Эрон дар посух ба режими саҳюнистӣ мустаҳиққи тамҷид ва ҳамбстагӣ аст.

Намояндаи маҷлиси санои Покистон иҷрои муваффақиятомези амалиёти зидди саҳюнистии Ваъдаи Содиқро ба давлат ва миллати Ҷумҳурии Исломии Эрон табрик гуфт ва афзуд: ин иқдом баёнгари ирода, тавонмандӣ, шуҷоат ва истиқомати Эрон дар посух ба таҷовузоти Исроил аст.

Раиси ҳизби маҷлиси Ваҳдати Муслимини Покистон иҷрои муваффақиятомези амалиёти Ваъдаи Содиқ алайҳи режими ишғолгари саҳюнистиро ба Эрон табрик гуфт ва афзуд: барои кишварҳои мусулмон аз ҷумла Покистон бисёр муҳим аст, ки дар канори Эрон боистанд ва аз касоне, ки бесуботӣ дар минтақаро тадовум медиҳанд, бихоҳанд то посухгӯ бошанд.

Санъо: Амалиёти низомии Эрон алайҳи Исроил машрӯъ ва қонунӣ буд

Вазорат хориҷаи давлати наҷоти миллии Яман дар Санъо вобаста ба ҷунбиши Ансоруллоҳ рӯзи якшанбе дар баёнияе таъкид кард, ки амалиёти низомии Эрон алайҳи Исроил машрӯъ, қонунӣ ва мутобиқи қавонини байналмилалӣ ва маншури Созмони Милал аст.

Ҳамчунин ин вазоратхона эълом кард: ҷиноёт ва наслкушии душмани саҳюнистӣ алайҳи ғайри низомиён дар Навори Ғазза боиси афзоиши таниш дар минтақа мешавад ва ба бисёре аз пойтахтҳо кашида хоҳад шуд.

Кишварҳои ҳомии душмани саҳюнистӣ бояд забони ақлро дар аввалавият қарор диҳанд ва аз ҳимояти номаҳдуди худ аз ин режим даст бардоранд. Мо бар нақши Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид дар анҷоми масъулиятҳои худ мутобиқ бо маншури Милали Муттаҳид дар ҳифзи сулҳ ва амнияти байналмилалӣ таъкид мекунем.

Нигаронии амиқи Арабистон аз ташдиди таниши низомӣ дар минтақа

Вазорати хориҷаи Арабистон бомдоди рӯзи якшанбе бо ибрози нигаронии амиқ аз таҳаввулоти ташдиди таниши низомӣ дар Ховари Миёна ва ҷидияти паёмадҳои он, тарафайнро ба хештандорӣ фаро хонд.

Дар баёнияи вазорати умури хориҷаи Арабистон омадааст: «Вазорати хориҷа нигаронии амиқи Арабистони Саудиро аз таҳаввулоти ташдиди таниши низомӣ дар минтақа ва ҷидияти авоқиби он иброз мекунад ва аз ҳамаи тарафҳо мехоҳад, ки ниҳояти хештандориро ба харҷ дода ва минтақа ва мардуми онро аз хатароти ҷанг дӯр нигаҳ доранд.»

Вокуниши Трамп ба ҳамлаи зидди саҳюнистии Эрон

Алҷазира навишт: Доналд Трамп, раисҷумҳури пешини Амрико ва номзади интихоботи риёсатҷумҳурии ин кишвар низ аз ҷумла амрикоиҳое аст, ки ба ҳамлаи зидди саҳюнистии Эрон вокуниш нишон дод.

Трамп дар вокуниши худ ба ҳамалоти Эрон алайҳи Исроил гуфтааст, ки Исроил мавриди ҳамла қарор гирифта ва ҳаргиз набояд иҷоза медод ин иттифоқ биафтад.

Трамп ҳамчунин дар идома муддаӣ шудааст, ки агар ман раисҷумҳур будам, ҳамлаи Эрон ба Исроил ҳаргиз иттифоқ намеафтод.

Вокуниши Кохи Сафед ба ҳамлаи зидди саҳюнистии Эрон

Амрико ҳам ба оғози ҳамалоти паҳподии Эрон ба режими саҳюнистӣ вокуниш нишон дод ва дар ин иртибот Кохи Сафед эълом кард, ки Ҷо Байден, бо вазирони дифоъ ва умури хориҷа, раиси Сиёҳ ва мушовири амнияти миллӣ дидор хоҳад кард.

Ба гуфтаи Кохи Сафед, мушовири амнияти миллӣ ва муовини амнияти миллӣ, Ҷо Байденро дар ҷараёни рӯйдодҳои Ховари Миёна қарор хоҳанд дод.

Энтони Блинкен дар сафҳаи вазири умури хориҷаи Амрико дар шабакаи иҷтимоии Х навишт: «Амрико ҳамлаи Эрон ба Исроилро маҳкум мекунад. Ҳамонгуна, ки раисҷумҳур гуфт, тааҳҳуди мо ба амнияти Исроил дар баробари таҳдидҳои Эрон оҳанин аст.»

Нахустин вокуниши Иттиҳодияи Аврупо ба ҳамалоти зидди саҳюнистии Эрон

Алҷазира навишт: Масъули сиёсати хориҷаи Иттиҳодияи Аврупо ба оғози ҳамалоти Эрон ба режими саҳюнистӣ вокуниш нишон дод.

Дар ҳамин иртибот, Ҷозеф Баррел, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо муддаӣ шудааст, ки мо ба шиддат ҳамлаи ғайриқобилии қабули Эрон ба Исроилро маҳкум мекунем.

Ҷозеф Баррел, бидуни ишора ба таҷовузи ахири режими саҳюнистӣ алайҳи манофеи дипломатики Эрон дар Сурия муддаӣ шудааст, ки ҳамлаи Эрон ба Исроил ташдид бесобиқа ва таҳдиди ҷиддӣ барои амният минтақа хоҳад буд.

Вокуниши Фаронса ба ҳамалоти зидди саҳюнистии Эрон

Эммануэл Макрон, рӯзи якшанбе бо интишори паёме дар шабакаи иҷтимоии Х навишт: Ман ҳамлаи бесобиқаи Эрон ба [режими] Исроилро, ки таҳдиде барои бесубот кардани минтақа аст, ба шиддат маҳкум мекунам.

Вай дар ин паём бори дигар дидгоҳҳои худ мабнӣ бар ҳамбстагӣ бо саҳюнистҳо ва дилбастагии Фаронса ба амнияти [режими] Исроил, шуракои Париж ва саботи минтақаиро такрор кард.

Раисҷумҳури Фаронса ҳамчунин хоҳони хештандорӣ [байни Теҳрон ва Телавив] шуд.

Венесуэла: Вазъияти бесуботӣ дар минтақа ношӣ аз инфиоли «Созмони Милали Муттаҳид» аст

Ба думболи вокуниши Эрон ба таҷовузҳои режими саҳюнистӣ дар чорчуби дифоъи машрӯъи Теҳрон, давлати Венесуэла бо судури баёнияе, нигаронии худро нисбат ба рӯйдодҳои Ховари Миёна эълом ва таъкид кард, ки вазъияти бесуботӣ дар минтақа ношӣ аз инфиоли «Созмони Милали Муттаҳид» аст.

Дар баёнияе, ки Иван Хел, вазири умури хориҷаи Венесуэла аз тариқи ҳисоби корбарии худ дар шабакаи маҷозии Х мунташир кард, давлати Каракас, вазъияти бесуботӣ дар Ховари Миёнаро ба инфиоли системи Милали Муттаҳид нисбат ва итминон дод, ки пас аз барқарории муҷаддади адолат ва қавонини байналмилалӣ, ба вижа дар робита бо мардум ва давлати Фаластин, метавон сулҳро тазмин кард.

Вокуниши Япония ба танбеҳи Исроил: Хеле нигаронем

Вазорати хориҷаи Япония дар вокуниш бо ҳамлаи танбеҳии Эрон алайҳи режими саҳюнистӣ муддаӣ шуд, ки «Ин ҳамла иқдоме аст, ки беш аз гузашта, вазъияти ҷории Ховари Миёнаро вахим мекунад. Мо ба шиддат нигарон ҳастем ва қотеъона ин навъ ташдиди танишро маҳкум мекунем».

Миср вазъияти ҳушдор эълом кард

Як манбаъи амниятии Миср дар бомдоди якшанбе ба хабаргузории «Қоҳира 24» гуфт, ки падофанди ҳавоии Миср вазъияти омодабошро дар сафҳои худ ба ҳадди аксар расонда ва як гурӯҳи буҳрон барои назорат бар авзоъи минтақа ташкил шудааст.

Пойгоҳи интернитии Қоҳира 24 ба нақл аз як манбаъи баландпояи мисрӣ навишт: як гурӯҳи буҳрон аз ҳамаи ниҳодҳо ва муассисоти зирабт ба диққат таҳаввулоти авзоъи минтақаро думбол мекунад ва гузоришҳои худро ба сурати шабонарӯзӣ ба раисҷумҳур Абдулфаттоҳ Сисӣ ироа медиҳад.

Шаби гузашта, Миср ҳамчунин тасмим гирифт «дар сояи рӯйдодҳои минтақаӣ», парвозҳои худ ба Урдун, Ироқ ва Лубнонро ба ҳолати таълиқ даровард.

Уммон: Хештандорӣ ва дӯр кардани минтақа аз хатароти ҷанг зарурӣ аст

Вазорати хориҷаи Уммон дар вокуниш ба таҳаввулоти шаби гузашта, дар баёнияе хостори хештандорӣ ва дӯр кардани минтақа аз хатароти ҷанг шуд.

Алҷазира навишт: Вазорати хориҷаи Уммон дар ин баёния эълом кард, ки таниши низомӣ дар минтақа ва хатароти онро бо диққат думбол ва бар аҳамияти хештандорӣ дар ростои дӯр кардани минтақа ва мардум аз хатароти ҷанг таъкид мекунем.

Дар ин баёния омадааст: Салтанати Уммон бар лузуми поибандӣ ба қавонини байналмилалӣ таъкид ва аз Шӯрои Амният мехоҳад, ки ба масъулиятҳои худ дар ростои амният ва саботи байналмилалӣ амал кунад.

https://iqna.ir/fa/news/4210223

captcha