IQNA

Фаластин мазлуми муқтадир

15:54 - April 05, 2024
рақами хабар: 1322
ИКНА - Имрӯз Ғазза ва мардону занони он ба намоди муқовимат табдил шуда ва мазлум, аммо муқтадири ғарқи дар хун ва оташ, ҷонона дар баробари ҷиноёти режими шайтонсифати саҳюнистӣ истодааст.


بِسْمِ ٱللَّٰهِ ٱلرَّحْمٰنِ ٱلرَّحِيمِ

أُذِنَ لِلَّذِینَ یُقاتَلُونَ بِأَنَّهُمْ ظُلِمُوا وَ إِنَّ اللَّهَ عَلی نَصْرِهِمْ لَقَدِیرٌ

“Ба касоне, ки ҷанг бар онон таҳмил гардида, иҷозаи ҷиҳод дода шудааст; чаро, ки мавриди ситам қарор гирифтаанд ва қатъан Худо бар ёрӣ кардани онҳо тавоност.”

(Сураи Ҳаҷ, ояти 39)

Ҷиноёти ҷангии режими саҳюнистӣ бар зидди мардуми мазлуми Ғазза ва такрори саҳнаҳои дилхарош ва фоҷиаомези куштори ҳазорон нафар аз инсонҳо ва вайрон кардани хонаҳои онон, дили ҳар инсонеро ба дард меоварад. Тасовири занон ва фарзандоне, ки қурбонии ҷиноёти режими саҳюнистӣ шудаанд ва сукут ва бепарвоӣ маҷомеи ҷаҳонӣ ва ҳуқуқи башарӣ, санади равшан бар дурӯғин будани ҳамаи шиорҳое аст, ки солиёни сол аст абзори сӯиистифодаи ишон барои пешбурди аҳдофи сиёсии онҳо шудааст.

Имрӯз Ғазза ва мардону занони он ба намоди муқовимати Фаластин табдил шудааст ва мазлум, аммо муқтадири ғарқи дар хун ва оташ, ҷонона дар баробари ҷиноёти зидди башарӣ ва наслкушии режими шайтонсифати саҳюнистӣ истода ва фарёди адолатхоҳӣ ва истиқлолталабии худро дар саросари гетӣ ва ҷаҳон печондааст.

Имрӯз Фаластин, ҳам мазлум аст ва ҳам муқтадир, муқтадири мазлум, яъне ҷавонҳои Фаластин намегузоранд қазияи Фаластин фаромӯш бишавад; истодаанд дар муқобили ҳамалоти режими саҳюнистӣ, дар муқобили ҷиноёти режими саҳюнистӣ, дар муқобили кӯдаккушиҳои режими палид ва хуношоми саҳюнистӣ, бо он ки мазлуманд ва дар айни ҳол муқтадиранд, ки зери мушакборон ва таҳоҷуми беамони режими ваҳшии саҳюнистӣ ҳамчунон бо сабр ва иродаи қавӣ шукри Худо бар лаб ҷорӣ мекунанд ва саҳнаҳое аз ғайрат ва истодагиро халқ кардаанд, ки ҷаҳонро ба шигифтӣ водоштааст.

Ҳамонтавр, ки медонем ва мебинем Ғазза дар сояи сукути нангини маҷомаи байналмилалӣ ва созмонҳои дурӯғини ҳуқуқи башарӣ ба саҳнаи хунини шаҳодати мазлумонаи занон ва кӯдакони бепаноҳ ва ҳатто беморон ва маҷрӯҳони бистарӣ дар бемористонҳо табдил шуда ва саҳнаи набарди ҳақ алайҳи ботил гаштааст.

Мардуми мазлум ва муқтадири Ғазза ҳар рӯз бо назораи шаҳодат азизон ва фарзандони худ бар суфраҳои хунин ифтор мекунанд ва бо сардодани бонги осмонии «هَیهَاتَ مِنَّا الذِّلَّة», мусулмонон ва озодагони ҷаҳонро ба истиғоса ва ёрӣ металабанд ва бо таҳаммули қаҳтӣ, камбуди шадиди ғизо ва дору, чашми умед ба нусрати илоҳӣ бастаанд.

Режими ҷаллод ва кӯдаккуши саҳюнистӣ қариб ба шаш моҳ дар ҳоли иртикоби ҳаргуна ҷинояти ваҳшиёна алайҳи мардуми мазлуми Ғазза аст, режими ҷаълии ғосиб бо зерипо гузоштани ҳамаи қавонин ва конвенсияҳои байналмилалӣ бо чароғи сабзи қудратҳои истикборӣ ва ҳимояти Амрико аз иртикоби ҳеҷ ҷинояте фурӯгузор накардааст.

Ҳамла ба урдугоҳҳо, мактабхонаҳо, бемористонҳо ва ба шаҳодат расондани занон ва кӯдакон аз ҷумла ҷиноятҳои ҳаррӯзаи ин режими хуношом ва кӯдаккуш мебошад, ки аз октябри гузашта токунун 13 ҳазору 430 кӯдак ва 8 ҳазору 900 зан ба шаҳодат расиданд.

Таҳоҷуми ахири режими саҳюнистӣ ба Навори Ғазза ва кушта шудани шумори зиёде аз мардуми Фаластин аз тарафе бори дигар палидӣ ва ҷинояткор будани режими саҳюнистиро нишон дод ва аз дигар су дарбардорндаи ду нуктаи муҳим аз миллате аст, ки 75 сол зери зулм ва ситам ва ваҳшигариҳои режими саҳюнистӣ ҳамчунон истодааст ва муқтадирона муқовимат мекунанд.

Аввалин масъала дар хусуси Фаластин, ки донистанаш фаҳми моро дар дарки чароии ишғоли ин кишвар равшантар мекунад шоибаҳое аст, ки ба қатъ аз сӯи саҳюнистҳо барои тавҷеҳи ишғоли сарзамини Фаластин дар солҳои ахир боисшудааст то иддае муқассири аслӣ аз дастрафтани Фаластинро худи Фаластиниён ва фурӯхтани замин ба ишғолгарони саҳюнистӣ бидонанд. Дар ҳоле, ки асноди таърихӣ, ки дар даст аст нишон медиҳад танҳо ҳашт дарсад ва дар бархе манобеъ танҳо шаш дарсад аз заминҳои Фаластиниён дар давраи ҳузури Англис дар Фаластин ба наҳви гуногун ва бо дасисаи англисиҳо аз Фаластиниён харидорӣ шуд. Аз ин миён танҳо 1.8 дарсад яъне камтар аз ду дарсад аз заминҳо ба сурати мустақим тавассути Фаластиниҳо ба яҳудиён фурӯхта шуд ва мобақии он аз тариқи заминдорони яҳудии қадимии сокини Фаластин дар ихтиёри саҳюнистҳо қарор гирифт ва фурӯхту шуд.

Аз мазлумияти мардуми Фаластин ҳамин бас, ки дар ҷанги расонаӣ ва таблиғоти дурӯғини режими саҳюнистӣ бо ҳимояти Ғарб ва Амрико онон ҳеҷгоҳ натавонистанд аз мантиқи нафарухтани замин ба саҳюнистҳо онтавр, ки бояд дифоъ кунанд. Ишғоли сарзамине ба баҳонаи хариди замин ҳеҷгоҳ дар ҳеҷ куҷои дунё иттифоқ наюфтодааст ва ин ҷараён ҷуз бо ҳимояти истеъморгарони ғарбӣ имконпазир набудааст.

Нуктаи дигар иқтидори Фаластиниён бо тамассук ба омӯзаҳои исломӣ дар сабр ва истиқомат дар баробари сахтиҳо аст, ки ононро муқобили ҷиноёти режими саҳюнистӣ устувор нигаҳдошта ва ҳеҷгоҳ чароғи умед ва пирӯзиро дар дилҳои онон хомӯш накардааст. Он чи амалиёти Тӯфони Ал-Ақсо дар ҳафтуми октябри имсол нишон дод азме аст, ки мардуми Фаластинро барои поёндодан ба ишғоли 75 солаи саҳюнистӣ наздик кардааст. Яқин он ки ваъдаи Худо муҳаққақ хоҳад шуд ва Фаластин бо муқовимати муқтадиронаи муборизони фаластинӣ озод хаҳад шуд.

https://tajikpress.com/2024/04/05/

captcha