IQNA

Имом Хоманаӣ: Шикасти ишғолгарон идома хоҳад ёфт!

19:31 - April 04, 2024
рақами хабар: 1317
ИКНА - Оятуллоҳ Хоманаӣ рӯзи 15 фарвардини 1403 (3 апрели 2024) бо масъулони низоми Ҷумҳурии Исломии Эрон дар моҳи шарифи Рамазон дидор дошт ва суханони муҳиме гуфт, ки бахши марбут ба масъалаи Ғазза тақдими шумо мешавад. 

Масъалаи охир масъалаи Ғазза аст. Масъалаи Ғазза ҷузви масоилест, ки набояд иҷоза дода бишавад, ки ин масъала аз авлавияти афкори умумии мардуми дунё канор биравад. Қазия хеле қазияи муҳимест! Ҷинояте, ки дар Ғазза анҷом мегирад, то он ҷое ки мо дар таърихи давраҳои авохир суроғ дорем; ҳоло он гузаштаҳои дурро дуруст намедонам бесобиқа аст; ин тавр ҷиноят кардан, ин тавр куштори дастаҷамъӣ, наслкушӣ, ҳамла ба занон, ҳамла ба кӯдакон, ҳамла ба беморон, ҳамла ба бемористонҳо, ин фоҷеаҳое, ки дар бемористонҳо сурат гирифта, аслан чизҳои аҷибе аст. Тавре шудааст, ки парваришёфтагон дар фарҳанги ғарбӣ, дар Аврупо ва дар худи кишвари Амрико ҳам меоянд, бо фарёд эътироз мекунанд, дар ҳоле ки хеле аз хабарҳо ҳам ба хубӣ ба онҳо намерасад, аммо ҳамон миқдоре, ки итилоъ доранд, эътироз мекунанд. Ҷиноят ин қадар шадид аст. Хуб, ин қазия аз ин ҷанба хеле муҳим аст.

Аз як ҷанбаи дигар ҳам хеле муҳим аст ва он ин аст, ки режими саҳюнистӣ ду шикасти бузург дар ин ҳодисаи Ғазза мутаҳаммил шуд. Шикасти аввал шикасти рӯзи понздаҳуми меҳр буд, шикасти Тӯфони ал-Ақсо, ки банда ҳамон вақт гуфтам, ки ин шикаст ғайри қобили тармим аст. Воқеан ҳам ҳамин тавр аст, то ҳоло ҳам тармим нашуда ва тармим нахоҳад шуд. Режиме, ки такяаш ба диққати иттилоот, ба тавсеаи кори низомӣ ва тасаллути низомӣ аст, ки иддао мекунад, ҳар парандае пар бизанад зери чашмаш аст, ба василаи як гурӯҳи муқовимат бо имконоти маҳдуд, мутаҳаммили як шикасти иттилоотӣ ба ин азамат бишавад! Ин шикасти аввали режими саҳюнистӣ буд. Ин шикаст тармим нашудааст ва тармим ҳам нахоҳад шуд. Обрӯи режими саҳюнистӣ рафт.

Шикасти дувум шикасти ин шаш моҳ аст. Инҳо аз аввалин рӯзе, ки вориди майдон шуданд, барои ҷуброни он шикасти аввал, аҳдоферо эълом карданд, ки ҳеҷ кадом аз он аҳдоф дар ин шаш моҳ таҳаққуқ пайдо накардааст. Шаш моҳ ҷангидан бо анвоъ ва ақсоми таслиҳот ва имконот ва бо кумаки бедареғи Амрико, ки ҳам кумаки таслиҳотӣ карда, ҳам кумаки молӣ карда, ҳам кумаки сиёсӣ карда, чанд мартаба қатъномаҳоро вето карда, ин қатъномаи ахирро ҳам, ки ба ҷиҳоте натавонист вето кунад, мегӯянд, ки илзомовар нест! Дурӯғи маҳз аст ва амалӣ ҳам намешавад бо ҳамаи ин кумакҳои Амрико ва ин тавоноиҳое, ки худашон доштанд, натавонистанд коре бикунанд; ҳатто як ҳадаф аз аҳдоферо, ки зикр карда буданд, дунболаш ҳастанд, натавонистанд ба даст биёранд. Онҳо мехостанд муқовиматро ва ба таври хос гурӯҳи Ҳамосро нобуд кунанд, мунҳадим кунанд, замингир кунанд ва натавонистанд; ҳам Ҳамос, ҳам Ҷиҳод маҷмуаи муқовимати Ғазза бо қудрат ва бо тавон ин ҳама мушкилотро таҳаммул мекунанд ва талош ҳам доранд мекунанд, зарба [ҳам] мезананд.

Ҳамин ки режими саҳюнистӣ ба ҷони зану кӯдак меафтад, ба хотири ин аст, ки аз бархурд бо размандагони муқовимат оҷиз монда, чун он ҷо эҳсоси аҷз мекунад, асабӣ мешавад ва ба ҷони зану бачаи мазлум ва бедифоъ меафтад ва сиву чанд ҳазор нафарро, ки ағлаби инҳо занону кӯдакон ҳастанд, ба қатл мерасонад. Ин шикаст қатъани идома пайдо хоҳад кард; ин талошҳои мазбӯҳона ҳам, мисли ин коре, ки дар Сурия муртакиб шуданд, ки албатта силиашро хоҳанд хӯрд, ба дардашон намехӯрад ва мушкилашонро илоҷ намекунад. Онҳо ба дасти худашон дар як таллае афтодаанд ва худашонро дар як таллае андохтаанд, ки имкони наҷоташон вуҷуд надорад ва рӯз ба рӯз [он] режим заъифтар хоҳад шуд ва ба завол ва инҳидом “Ин шоа Аллоҳ” наздиктар хоҳад шуд ва умедворем ҷавонҳои имрӯзи мо, бибинанд он рӯзеро, ки Қудси шариф дар ихтиёри мусулмонҳо аст ва дар он намоз хоҳанд гузорд ва дунёи Ислом битавонад “Ин шоа Аллоҳ” нобудии Исроилро ҷашн бигирад.

Аз Худованди Мутаол мехоҳем, ки моро барои анҷоми вазоифи муҳимамон муваффақ бидорад, тавоно кунад ва битавонем корҳое, ки бар ӯҳдаи мост анҷоми бидиҳем. Бо Инқилоби Исломӣ фурсати бузурге дар дунёи Ислом пеш омада; ташкили низоми муқаддаси Ҷумҳурии Исломӣ барои дунёи Ислом як фурсати бузургро ба вуҷуд оварда; аз ин фурсат то имрӯз истифодаҳои зиёде шуда; боз ҳам “Ин шоа Аллоҳ” бояд ба нафъи Ислом ва муслимин аз ин фурсат истифода бишавад ва истифода хоҳад шуд. Низоми Исломӣ рӯз ба рӯз “Ин шоа Аллоҳ” қавитар хоҳад шуд ва душманонаш рӯз ба рӯз заифтар хоҳанд шуд ва муҳосиботи минтақаӣ, баъд аз ин ҳодисаи Тӯфони ал-Ақсо тағйир кардааст ва тағйир хоҳад кард; он муҳосиботи [қаблӣ] дигар вуҷуд надорад. Ҳам тасмимоти ҷабҳаи муқовимат, ҳам тасмимоти ҷабҳаи муқобил ногузир тағйир пайдо хоҳад кард; ҳамон тавр ки тағйир ҳам пайдо карда ва вазъи муқовимат дар минтақа вазъи дигаре шуд ва бештар аз ин дигаргун хоҳад шуд ва душманони Ислом ва душманони муқовимат ва душманони Ҷумҳурии Исломӣ маҷбур ва ногузиранд, ки ба ин тағйирот тан бидиҳанд ва бидонанд, ки наметавонанд дар ин минтақа бар ҷомеаи мусулмон ҳукмравоӣ ва фармонравоӣ кунанд.

Аз Худованди Мутаол мехоҳем, ки дар ин рӯзҳои боқимонда аз моҳи мубораки Рамазон, моро тавфиқ бидиҳад то битавонем ҳадди аксари истифодаро аз файзҳои ин моҳ бибарем.

Рӯзи Қудси имсол як хурӯши байналмилалӣ зидди режими ғосиби саҳюнистӣ хоҳад буд. Яъне агар солҳои қабл рӯзи Қудсро фақат кишварҳои исломӣ баргузор мекарданд, имсол ба эҳтимоли зиёд дар кишварҳои ғайри исломӣ ҳам рӯзи Қудс “Ин шоа Аллоҳ” боазамат баргузор хоҳад шуд. Умедворем “Ин шоа Аллоҳ” миллати Эрон мисли ҳамаи маворид ин бор ҳам дар ин рӯз бидурахшад; ба ҳурмати Муҳаммад ва Оли Муҳаммад.

Парвардигоро, агар то ин лаҳза моро наёмурзидаӣ, аз ин лаҳза моро биёмурз. Парвардигоро, тавфиқи хизмат ба кишвар, ба мардум, ба низом, ба Ислом ва ба уммати исломӣ, ба ҳамаи мо иноят бифармо! Парвардигоро, миллати Эронро душманшод мафармо; миллати Эронро ба тавфиқоти комил ноил бифармо! Парвардигоро, рӯҳи мутаҳҳари имоми бузургворро, ки ин роҳро боз кард, ин ҳаракати азимро дар дунё эҷод кард, бо Пайғамбар ва бо авлиёаш маҳшур кун! Парвардигоро, арвоҳи тайибаи шаҳидони азизи моро бо шуҳадои садри Ислом, бо авлиёат, бо Муҳаммад ва Оли Муҳаммад маҳшур бифармо! Парвардигоро, арвоҳи тайибаи шуҳадои ахири ҳодисаи Сурияро бо авлиёат маҳшур бифармо; қалби муқаддаси валии аср (Арвоҳуно фидоҳу)-ро аз мо розӣ ва хушнуд кун; моро аз сарбозони он бузургвор дар ҳамаи лаҳзаҳои умрамон қарор бидеҳ; тавфиқоти худро шомили ҳоли мо бифармо; оқибати моро оқибати матлуби исломӣ қарор бидеҳ; умри моро хатми бахайр бифармо!

Вассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳ
15 фарвардини 1403

https://tajikpress.com/2024/04/04

captcha