IQNA

Нахола: Қадрдони ҳимояти муассири Эрон аз миллату муқовимати Фаластин ҳастем

18:35 - April 04, 2024
рақами хабар: 1316
ИКНА - Дабири кулли Ҷунбиши ҷиҳоди исломии Фаластини бори дигар аз Ҷумҳурии исломии Эрон ба сабаби нақши фаъолу таъсиргузори ин кишвар дар ҳимоят аз муқовимати мардуми Фаластин ва ҷабҳаи муқовимат ташаккур кард.


Ба гузориши ТоҷикПресс, Зиёд Нахола, дабири кулли Ҷунбиши ҷиҳоди исломӣ дар остонаи рӯзи ҷаҳонии Қудс (охирин ҷумъаи моҳи шарифи Рамазон) дар суханоне таъкид кард: Зарурат дорад, ки муқовимат барои муқобила бо тарҳҳои таҷзияи кишварҳои минтақа, ки дар ростои хизмат ба режими Исроил дунбол мешавад, муттаҳид ва якпорча шавад.

Вай афзуд, мардуми мо дар Ғазза шаш моҳ аст, ки дар ҳоли рӯёрӯӣ бо тамоми қудратҳои шарӯри ҷаҳон яъне режими саҳюнистӣ ва ҳомиёнаш ва дар раъси онҳо Амрико мебошад, ки ба анҷоми куштор ва ҷиноёт мепардозанд.

Нахола гуфт, бо вуҷуди муҳосираи сахт, ки кӯдакони мо аз ҳадди ақали ниёзҳои як зиндагии сода маҳрум мешаванд, мо мебинем, ки арабҳо ва мусулмонон аз ворид кардани ҳатто як ҷуръа об ба Ғазза нотавон ҳастанд.

Вай афзуд мо аз бародарони араби худ мехоҳем, ҳамонтавре, ки бархе аз онҳо ниёзҳои Исроилро таъмин мекунанд, ниёзҳои мардуми Фаластинро ҳам таъмин кунанд.

Дабири кулли Ҷунбиши ҷиҳоди исломии Фаластин афзуд, аҳамияти неруҳои муқовимат дар ваҳдати маёдин ва ҷабҳаҳо аст ва ҳамаи ҷабҳаҳо дӯшодӯши ҳам дар канори муқовимати Фаластин мебошанд.

Нахола гуфт, аз Ҷумҳурии исломии Эрон ба сабаби нақши фаъолу таъсиргузори он дар ҳимоят аз мардуми Фаластин ва муқовимати он ва низ меҳвари муқовимат тақдиру ташаккур мекунем.

Вай таъкид кард бояд рӯзи ҷаҳонии Қудсро истгоҳе барои тақвияти ваҳдати миллат ва размандагону аҳдофамон қарор диҳем.

Нахола тасреҳ кард, Ғазза бо мардуму размандагони қаҳрамонаш барои расидан ба Қудс боқӣ хоҳад монд ва ба ёрии Худо истодагӣ карда ва пирӯз хоҳад шуд.

https://tajikpress.com/2024/04/04

captcha