IQNA

Ба ҳиммати ройзани Эрон;

Ҳамоиши "Ваҳдат дар сояи Қудс" дар Туркия баргузор мешавад

5:08 - April 04, 2024
рақами хабар: 1313
ИКНА - Дувумин ҳамоиши "Ваҳдат дар сояи Қудс" ба ҳиммати ройзании фарҳангии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Туркия баргузор мешавад.

 

Ба гузориши ИКНА, дар остонаи рӯзи ҷаҳонии Қудс ва ҳамзамон бо муқовимати мардуми мазлуми Фаластин дар муқобили режими саҳюнистӣ, дувумин ҳамоиши бузурги "Ваҳдат дар сояи Қудс" дар Анқара пойтахти Туркия баргузор мешавад.

Дар ин ҳамоиш, ки рӯзи панҷшнбе, бо ҳузури фаъолони фарҳангӣ ва сиёсӣ, руасои аҳзоб, дипломатҳои хориҷии муқимми Туркия ва асотиди донишгоҳҳо баргузор хоҳад шуд, профессор Арул Қулич, раиси муассиса фарҳангии Созмони кишварҳои исломии (Аресика), Темел Карамелоғлу раҳбари ҳизби Саодат ва сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон ва сафири Африқои Ҷанубӣ дар Туркия суханронӣ хоҳанд кард.

Сайид Қосим Нозимӣ, ройзани фарҳангии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Анқара бо ишора ба аҳамияти баргузории ин ҳамоиш изҳор дошт: бо таваҷҷуҳ ба ончи имрӯз алайҳи миллати Фаластин мегузарад ва ҳамчунин бо истинод ба хезиши бесобиқаи ҷаҳониён дар мувоҷиҳа бо ҷиноёти дадманишонаи режими ишғолгари Қудс ва ҳомиёни он алайҳи кӯдакон ва занони бегуноҳ дар Навори Ғазза, вазифа ва масъулияти мусулмонон ва ҳамаи инсонҳои озодаи ҷаҳон аст, ки садои воҳиди миллати Фаластин бошанд.

Вай бо ишора ба баргузори муваффақи даври аввали ин ҳамоиш дар соли гузашта, афзуд: мо дар мавзӯъи Фаластин бо давлати Туркия мавозеъи хеле наздики дорем ва миллати Туркия ҳам дар моҳҳои гузашта дар сафи аввали эътирозоти сиёси дар дунё алайҳи режими ғосиби Фаластин қарор доштанд. Ин фазоро метавон дар эъломи омодагии гурӯҳҳои мухталифи фарҳангӣ ва сиёси дар Туркия барои ширкат дар ин ҳамоиш, ба айна мушоҳида кард.

Ройзани фарҳангии кишвари Эрон дар поён бо ёдоварии нақши нухбагон дар муқобила бо ҷиноёти режими саҳюнистӣ гуфт: баргузории ҳамоишҳои аз ин даст метавонад ба ҳампушонии ҷаҳонӣ барои ҳимоят аз мардуми Фаластин ёрирасонд ва мо бо таҳмидоте, ки фароҳам кардаем шоҳиди баргузории мутафовити ҳамоиш имсол хоҳем буд.

https://iqna.ir/00HeoP

captcha