IQNA

Наҳзати бузурги омӯзиши Қуръон ва ҳифзи мероси исломӣ дар Алҷазоир

4:59 - April 04, 2024
рақами хабар: 1312
ИКНА - Вазири умури динӣ ва авқофи Алҷазоир таъкид кард, ки ин кишвар шоҳиди як наҳзати бузург дар омӯзиши Қуръон ва фаъолиятҳои қуръонӣ аст.

Ба гузориш манобеи хабарӣ, Юсуф Белмаҳдӣ, вазири умури динӣ ва авқофи Алҷазоир гуфт, ки ин кишвар шоҳиди наҳзати бузург дар заминаи омӯзиши Қуръон ва хидмат ба китоби Худо аст.

Юсуф Белмаҳдӣ, ки дар ифтитоҳияи чаҳорумин давраи мусобиқоти миллии ҳифзи таҷвид ва тафсири Қуръони Карим ва бистумин давраи мусобиқоти ташвиқи ҳифзи Қуръони кӯдакон сухан мегуфт, афзуд: наҳзати қуръонии кишвар аз тариқи гирдиҳамоии ҳофизони Қуръон дар мусобиқоти қироат, ҳифз ва тафсир, ки аз тариқи масоҷид дар тӯли сол ва дар моҳи мубораки Рамазон баргузор мешавад дар ҳоли пешрафт аст.

Вай тасреҳ кард, ки ҷоизаи ҳифзи Қуръони Карим ва эҳёи мероси исломии Алҷазоир, ки наздик ба ду даҳа аст баргузор мешавад, бо ҳадафи кумак ба ҳифзи мероси асили исломӣ аст, ки Алҷазоир қудрати худро аз он гирифта ва рӯйкарди эътидолии бидуни таассуб ва ифротгароиро дар пеш гирифтааст. Ҳамчунин ҳадафи ин ҷоиза, ташвиқи кӯдакони алҷазоирӣ ва донишомӯзони мадориси қуръонӣ, ки наздик ба як миллион нафар ҳастанд ва кашфи истеъдодҳои бартари ин кишвар барои намояндагии Алҷазоир дар сатҳ байналмилалӣ аст.

Юсуф Белмаҳдӣ хотирнишон кард: мусобиқаи байналмилалии эҳёи мероси исломии имсол ба камёбтарин нусхаҳои хаттии Алҷазоир, ки тавассути пажӯҳишгарон нигаҳдорӣ мешавад ва ба мутолиоти муҳаққиқон ва донишпажӯҳон кумак хоҳад кард, ихтисос дорад.

https://iqna.ir/00HeoX

captcha