IQNA

Тиловати қории лубнонӣ дар барномаи «Маҳфил» 

22:09 - April 08, 2024
рақами хабар: 1337
ИКНА - Муҳаммадалӣ Қосим, қории мумтози Лубнон бо ҳузур дар барномаи «Маҳфил»-и шабакаи сеи симо оёте аз сураи муборакаи Анбиёъро тиловат кард.

Ба гузориши ИКНА, Муҳаммадалӣ Қосим, қории Қуръони аҳли Лубнон аст. Ӯ бо ҳузур дар барномаи Маҳфили шабакаи сеи симо дар ибтидо оёте аз сураи Анбиёъро тиловат кард.

Ҳомиди Шокирнажод, устод Абулқосимӣ ва Ҳасанайн Ал-Ҳулу, мизбонони барномаи Маҳфил низ бо ӯ ҳамроҳӣ карданд ва мунофсаи кӯтоҳе доштанд. Тиловати зебои ин қорёни Қуръон, лаҳзоти нобе дар барномаи маҳфил сабт кард.

Пас аз тиловатҳои зебо, Ҳасанайн аз ӯ дар бораи ҳолу ҳавои Лубнон дар моҳи мубораки Рамазон пурсид ва Муҳаммадалӣ Қосим гуфт, ки моҳи Рамазони имсол дар Лубнон, ранг ва бӯи шуҳадо дорад ва бо солҳои гузашта мутафовит аст.

Ӯ сипас дар бораи шуҳадои ҷануби Лубнон сӯҳбат кард. Муҳаммадалӣ Қосим ҳамчунин дар бораи минтақаи роҳбурдии Бинт Ҷубайл гуфт, ки ҷавонони зиёде дар он минтақа аз парчами ҳақ дифоъ мекунанд.

Сӯҳбатҳои Муҳаммадалӣ Қосим дар бораи шуҳадои Лубнон ва иттифоқоти Фаластин, ҳамаро таҳти таъсири худ қарор дод. Дар идома видеои тиловати Қуръони ин қории мумтози Лубнони дар барномаи маҳфилро мушоҳида мекунед.

код

Барномаи телевизионии Маҳфил як мемҳони вижа дошт Муҳаммадсолиҳ Маҳдизода, қорӣ ва ҳофизи кулли Қуръони Карими 11 сола аз шаҳри Рашт аст, ки ҳифзи Қуръонро аз 6 солагӣ оғоз ва то 9 солагӣ ба поён расондааст. Ӯ ҳамчунин метавонад ба тақлид аз Мустафо Исмоил, Роғиб Мустафо Ғалваш ва Саиди Мусаллам тиловат кунад.

Ин қорӣ ва ҳофизи навҷавон шаби гузашта дар барномаи Маҳфил ҳузур пайдо кард ва бо тасаллут оёте аз сураи Инфитор ва Таквирро ба зебоӣ тиловат кард то ҷое, ки тиловаташ ҳамаро таҳти таъсир қарор дод ва мизбонон аз ӯ хостанд, ки муҷаддад он қитъаро тиловат кунад.

 

код

 

 

https://iqna.ir/fa/news/4209240

captcha